Noble Quran » ??????
Random Books
- Зиёрати масҷиди НабавиЗиёрати масҷиди Паёмбар (саллоҳу алайҳи ва саллам) пеш аз ҳаҷ ё баъд аз ҳаҷ суннат аст. Зеро дар китоби "Саҳеҳ Бухори" ва "Саҳеҳ Муслим" аз Абу Ҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят омадааст, ки гуфтанд: Паёмбар саллалоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: " "صلاة في مسجدي هذا خير من ألف صلاة فيما سواه إلا المسجد الحرام" "Як намоз дар ҳамин масҷидам беҳтар аст аз ҳазор намоз дар масчидҳои дигар, ғайр аз масҷиди Ҳаром".
Formation : Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз
From issues : Сомонаи дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, шаҳри Ҷидда www.jdci.org
Source : http://www.islamhouse.com/p/311425
- Занҳои тавба кунандаХоҳари мусулмон! Оё чунин нест, ки ҳар яки мо гуноҳу хатоҳои зиёд дорем? Оре! Локин оё ҳамаи ин моро аз раҳмати беканори илоҳи ноумед месозад? Оё гуноҳон моро аз мағфирати васеъи Парвардигори ғафур маъюс мегардонад? Хоҳари мусалмон, ба ин ҳадиси қудси бингар, ки Худованди мутаъол моро даъват намуда чунин мефармояд:
Formation : Маҷди Фатҳи Ас-Сайд
Translators : Муҳаммад Шарифи Одина
Source : http://www.islamhouse.com/p/383802
- ХУШБАХТТАРИН ЗАН ДАР ОЛАМИн китоб номаи пурмасъулиятест аз самими қалби пурмуҳаббати муаллиф барои тамоми занҳо, хусусан модарон ва хоҳарони мусулмон. Ин китоб номаи пурмўҳтавоест, ки ақл онро пазируфта ва шариати исломӣ онро роҳнамоӣ кардааст. Бешак, ин нома ҳар як зани мўъмин ва фозилро ба оғоз намудани зиндагии беҳтару босаодат фаро мехонад. Ба сўйи зиндагие мехонад, ки пур аз орзуву ҳавасҳои нек асту осудахотирию оромиро кафолат медиҳад. Ба сўйи зиндагие мехонад, ки саросар қаноату яқин, виқору ҳаё, ифтихору комёбӣ, муҳаббату улфат ва унсгирӣ бо зикру ёди Худои меҳрубон мебошад.
Formation : Оиз ибни Абдуллоҳ Ал-Қарни
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/327119
- ЗАКОТ ВА ҶОЙГОҲИ ОН ДАР НИЗОМИ ИСЛОМЗакот дар миёни панҷ рукни бинои Ислом яке аз се рукни муҳимтарини он ба шумор меравад, ки мавҷудият ва бақои имон ва исломи банда ба онҳо вобастагӣ дорад. Агар яке аз ин се рукн халалдор гардад ва ё аз байн биравад, имон ва исломи банда низ ба ҳамон андоза осеб мебинад ва ё комилан аз байн меравад. Калимаи шаҳодат ба манзалаи дарвозаест, ки инсон бо гуфтани он вориди бинои Ислом мегардад. Табиъист, ки бе таҳаққуқ ва мавҷудияти он, яъне бе шаҳодат додан ба ягонагии Парвардигор ва ба паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с) ҳеҷ гуна имоне барои банда ҳосил намешавад.
Formation : Абдушшариф Боқизода
Source : http://www.islamhouse.com/p/326724
- Маърифати Расулуллоҳ (саллалоҳу алайҳи ва саллам) ва Саҳобагони киромАллоҳ таъоло дини мубини Исломро ба воситаи ҳазрати Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи ва саллам) баён кардааст,бинобар ин шинохтани он ҳазрат бар тамоми инсонҳо воҷиб аст. Ва саҳобагони киром дини исломро аз забони мубораки Расулуллоҳ пурра омухта онро ба уммати Расулуллоҳ расонидаанд. Ва ин дини муқаддаси ислом ба воситаи саҳобагони киром ба машриқу мағриб паҳн шудааст. Бинобар ин шинохтани саҳобагони киром низ воҷиб аст. Дар ин рисола барои шумо сирати беҳтарин халқи Худо ҳазрати Паёмбарамон Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро ва сирати беҳтарин шахсони уммати исломро баён кардам.
From issues : Сомонаи дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, шаҳри Ҷидда www.jdci.org
Source : http://www.islamhouse.com/p/311472