Noble Quran » ?????? » Books » Аз самими дилам ба самими дилҳо
Аз самими дилам ба самими дилҳо
Аз самими дилам ба самими дилҳо, китобчаест дар мавзуъи бисёр муҳим, ақида ва афкори раисии мазҳаби шиаро зикр карда, дар мизони шариат ва ақл мегузорад, ва аз бародарони шиа даъват мекунад ки дар ин мавзуъҳо ақли солимро кор фармуда ба хуломаи дуруст биёянд ва роҳи ҳақро ихтиёр намоянд. Аз ҷумлаи мавзуъҳои зикршуда инҳоянд: Ашке бар Тавҳид Шиъаҳо ва Қурон Шиҳаъо ва саҳобагон Имомат Никоҳи Мутъа Хумс Имом Маҳди Исмату маъсумият Тақя Ва дигар мавзуъҳо.Formation : Усмон ибни Муҳаммад Ал-Хамис
Source : http://www.islamhouse.com/p/320517
Random Books
- ҲАҷ Таърих, моҳият, маносик ва аҳкоми онМаросими ҳаҷ яке аз рукнҳои панҷгонаи дини мубини Ислом буда, тавонмандии (иститоъати) ҷисмӣ ва молӣ шарти вуҷуб ва дуруст гардидани баргузории ин барномаи ибодӣ ва суннати иброҳимӣ мебошад. Бинобар ин, барои шинохти дурусти ҷавҳар ва моҳияти ин рукни бузурги бинои Ислом ва ҳарчи комилтар ба ҷой овардани аъмол ва маносики он китоби ҳозир пешкаши хонандагони азиз мегардад. Дар ин китоб нахуст моҳият, фалсафа, ҷанбаҳои динӣ-иҷтимоъӣ ва давраҳои гуногуни он дар тўли таърих, ҳамчунин ҳаҷҷи Паёмбари Худо (с) баён мешаванд. Сипас, аъмол ва маносики ҳаҷ бо тартиббандии тозае манзури хонанда мегардад. Пас аз он дуъоҳо ва зикрҳои муҳимме, ки дар рафти баргузории маносики ҳаҷ гуфта мешаванд ва ба дунболи он тавсияҳои зарурӣ барои шахси ҳаҷгузор зикр карда мешаванд. Дар охир баъзе истилоҳот, номҳои ҷуғрофӣ ва калимаҳои ноошно шарҳ ва тавзеҳ дода мешаванд.
Formation : Абдушшариф Боқизода
Source : http://www.islamhouse.com/p/252724
- Аҳли Байт аз худ дифоъ мекунандАҳли Байт аз худ дифоъ мекунанд : Ин китобро яке аз олимони Шиъа навиштааст, ва дар он баъзе аз таноқузоти шиъаро баён кардааст, ва мавзуъҳои зиёдеро дар бар гирифтааст монанди : Дар бораи Абдуллоҳ ибни Сабо, ва ҳақиқати пайравии шиъа аҳли байтро, ва таъна задани шиъа Паёмбари Исломро ва саҳобагони киромро, ва ин чунин дар масалаи мутъа ва он хурофоте ки дар бораи он сухан мегуянд, ва инчунин хумс, ва дар бораи ақидаи шиъа дар китобҳои осмони ва ақидаи онҳо дар бораи Аҳли Суннат.
Formation : Ҳусейни ал-Мусави
Translators : Чаводи Мунтазири
Source : http://www.islamhouse.com/p/244087
- Саду як қисса аз ҳаёти Алӣ ибни Абўтолиб (Худованд аз У рози бод)Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаодати халифаи чаҳоруми мусулмонон Амирулмўъминин Алӣ ибни Абўтолиб (р) мебошад. Китоб барои доираи васеи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад. Амирулмўъминин Алӣ ибни Абўтолиб (р) чаҳорумин халифаи рошид ва яке аз даҳ нафари ба ҷаннат башоратдодашуда мебошад. Насаб ба Ҳошимиён дорад ва аз қабилаи Қурайш, писарамаки Паёмбар (с) аст. Ва Паёмбар (с) беҳтарин духтараш Фотимаро (р) ба никоҳи ў даровард. Падари Ҳасан ва Ҳусейн (р) мебошад.
Formation : Муҳаммад Алминшови
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/324363
- Тамоку ё сигор вабои аср, бояд аз он раҳоӣ ёфт! Таҳлил, баррасӣ, аҳком, назарот, ва пешгўиҳоИн китобча дар бораи ҳукми тамоку ё сигор кашидан ва зарарҳои он мебошад, муаллиф баён мекунад ки сигор ба як вабои аср табдил ёфтааст. Ва чигуна бояд аз вай дури ҷуст.
Formation : Муҳаммадиқболи Садриддин
Reveiwers : Мисбоҳиддини Ҳомид
Source : http://www.islamhouse.com/p/294967
- Силсилаи ҳақиқат: Фақат як пайғомДар ин китоб нависанда исбот мекунад ки ҳамаи китобҳои осмони даъват ба якто парасти мекунанд, ва дини ислом охирин динҳои осмонист.
Formation : Ноҷи ибни Иброҳим Ал-Арфаҷ
Reveiwers : Амирҳамзаи Ҳомиди Ҳанафи
Translators : Иброҳим Қаҳоруф
From issues : Дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, Рабва – шаҳри Риёз
Source : http://www.islamhouse.com/p/200227












