Noble Quran » ?????? » Books » Даҳ ёри биҳиштӣ
Даҳ ёри биҳиштӣ
Дар ин китоб асосан, дар бораи ҳаёту фаъолияти даҳ саҳобаи гиромии Паёмбари акрам (с), ки бо номи «ашараи мубашшара» ё худ «даҳ ёри биҳиштӣ» маъруфанд, маълумот дода шудааст. Ва он саҳобагон: Абубакри Сиддиқ Умар ибни Хатоб Усмон ибни Аффон Али ибни Абитолиб Талҳа ибни Убайдуллоҳ Зубайр ибни Аввом Абдурраҳмон ибни Авф Саъд ибни Абуваққос Саъид ибни Зайд Абуубайда ибни Ҷарроҳ.Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/330947
Random Books
- Ҳиҷоб чаро?Худоро сипос мегўем, ки дар ин замони пурфитна ва фасод, замоне, ки побандӣ ба дин, монанди чанг задан ба шарораҳои оташ аст, теъдоде аз хоҳарони мусалмон мўътақид ба усул ва мабодианд ва алоқа доранд то ҳиҷоби шаръиро, ки қалъаи мўҳкам дар баробари фасоди ҷомеаи исломӣ аст, ҳифз намоянд. Бале, дастаҳои палиди истеъморгарони Ғарб ва пайравони онҳо даст ба кор шудааст, то бо равишҳои мухталиф, ҷомеаи исломиро ба фасод ва фаҳшо бикашанд. Яке аз ин равишҳо, бардоштани ҳиҷоб аст, ки душманон дар ин қарни ахир барои бардоштани ҳиҷоб аз ҳеч кушише дареғ нанамудааст.
Formation : Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Исмоил Ал-Муқаддам
Reveiwers : Муҳсин Рамазони
Translators : Абдулқодир таршоби
From issues : Дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, Рабва – шаҳри Риёз
Source : http://www.islamhouse.com/p/385912
- Саҳобаро ба даст овардам бидуни ин ки Аҳли Байтро аз даст бидиҳам!Саҳобаро ба даст овардам бидуни ин ки Аҳли Байтро аз даст бидиҳам! Нависанда гузариши худро аз олами шиъа ба ҳақиқати Ислом бо шеваи зебо ва қонеъкунанда ривоят мекунад.
Formation : Али ибни Муҳаммад Қузайбӣ
Source : http://www.islamhouse.com/p/343900
- Саду як қисса аз ҳаёти Усмон ибни Аффон (Худованд аз У рози бод)Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаодати халифаи сеюми мусулмонон Амирулмўъминин Усмон ибни Аффон (р) мебошад. Китоб барои доираи васеъи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад. Амирулмўъминин ва саввумин хулафои рошидин ва яке аз даҳ нафари ба ҷаннат башоратдодашуда, домоди Паёмбар (с) Усмон ибни Аффони Қурайшӣ… Зи-н-нурайн ва ҳамсари ду бадри мунир.
Formation : Муҳаммад Алминшови
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/321610
- Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Абдулазиз (Худованд аз У рози бод)Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаъодати халифаи панҷумини мусулмонон Амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз (р) мебошад. Китоб барои доираи васеъи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад. Амирулмўъминин ва панҷумин халифаи рошид, Умар ибни Абдулазизи Умавӣ, набераи Умар ибни Хаттоби Қурайшӣ мебошад. Ў ҳамчун имоми одил ва халифаи фозил шуҳрат ёфта буд. Соли шастуяк дар Мадинаи Мунаввара ба дунё омада дар ҳамонҷо дар оилаи дорову сарватманд нашъунамо ёфт.
Formation : Муҳаммад Алминшови
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/324365
- Осонгири ва тасомуҳ дар ИсломДини ислом охирин пайғоми исломи аст ки Худованд онро барои ҳама мардум фуру фиристода аст чи дар машриқ ва чи дар мағриб, барои зан ва мард, қудратманд ва нотавон, сарватманд ва нодор, доно ва нодон, солим ва бемор, ба ҳамин хотир Худованд бо лутфу карами хеш пайғоми худро ба гунае нозил кард ки фаҳми он барои ҳама муяссар мебошад, ва дини ислом дар пайи он аст ки машаққат ва ҳараҷро аз мардум бардорад.
Formation : Солиҳ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳумед
Translators : Абдусаттори Ҳақназар
Source : http://www.islamhouse.com/p/372449












