Noble Quran » ?????? » Books » Оё ислом ҳуқуқи занҳоро поймол кардааст?
Оё ислом ҳуқуқи занҳоро поймол кардааст?
Баъд аз иштирок карданам дар чандин баҳсҳо ва хондани чандин мақолаҳо дар мавриди "Ҳуқуқи зан дар ислом" ба чунин хулоса омадам ки чанд гуфтание дар ин мавзуъ барои азизон пешкаш кунам. Хонандагони азиз! Ин чанде аз шубҳаҳое ҳастанд, ки баъзе аз душманони дину инсоният миёни мардум меандозанд, ва ман баъзе аз онҳоро бароятон пешкаш хоҳам кард, ва сипас ба ҳамаи онҳо алоҳида-алоҳида ҷавоб хоҳам гуфт. Шубҳаи аввал: Гуё мардуми мусалмони точик занҳояшонро аз руи нобовари ва бе эътимодияшон маҷбур ба ҳиҷоб пуши мекунанд, дар ҳоле ки мо мардҳо натавонистаем барои занҳо беҳтарин шароити зисту зиндагиро фароҳам созем, пас бо кадом ҳуқуқ мо онҳоро маҷбур ба ҳиҷоб пуши кунем? Ва ин кори мардон сафиҳона мебошад. Ва водоштани зан ба пушидани либосе, ки дилхоҳи худи у нест, намунае аз зулму ситами мардони рузгори мост, ва бояд решакан шавад.Formation : Умар Хатлони
Source : http://www.islamhouse.com/p/287537
Random Books
- ПАНҶОҲ АМАЛЕ, КИ ШАРИЪАТ ЗАНОНРО АЗ ОН БОЗ МЕДОРАДХонандагони гиромиро ва махсусан бонувони азизро ба қироати ин ганҷинаи пурмўҳтаво, ки ҳамаи матнҳои он бо истидлоли оёт ва аҳодиси набавӣ музайян гардидааст, даъват менамоем ва хоҳиши онро дорем, ки дар хондани он бо диққат бошанд, то ба каҷфаҳмӣ роҳ надиҳанд ва худро аз ин гуноҳҳо боз доранд, то бонуи бошараф ва афифаӣ хонадони худ ва кишвари азизамон гарданд. Зеро ҳар марди мусалмони ҷомеъаи кунунии мо ниёзи шадид ба чунин бонуи афифа дорад.
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/329947
- Воҷиботе, ки барои ҳар як мусалмон (мард ва зан), донистанаш зарур астРисолаи мухтасар ва муфид дар мавзӯъи муҳим , ки барои ҳар як мусалмон донистанаш зарур аст, Шинохтани Худованд, дини Ислом ва шартҳои Ло Илоҳа илла Аллоҳ, навоқизи Ислом, ва анвоъи тавҳид, ва дигар мавзуъҳои муҳим барои ҳар як мусалмон.
Formation : Абдуллоҳ Ал-Қарови
Translators : Исҳоқ ибни Абдуллоҳ Аддабири Ал-Авази
From issues : Дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, Рабва – шаҳри Риёз
Source : http://www.islamhouse.com/p/346597
- Силсилаи ҳақиқат: Фақат як пайғомДар ин китоб нависанда исбот мекунад ки ҳамаи китобҳои осмони даъват ба якто парасти мекунанд, ва дини ислом охирин динҳои осмонист.
Formation : Ноҷи ибни Иброҳим Ал-Арфаҷ
Reveiwers : Амирҳамзаи Ҳомиди Ҳанафи
Translators : Иброҳим Қаҳоруф
From issues : Дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, Рабва – шаҳри Риёз
Source : http://www.islamhouse.com/p/200227
- Даҳ ёри биҳиштӣДар ин китоб асосан, дар бораи ҳаёту фаъолияти даҳ саҳобаи гиромии Паёмбари акрам (с), ки бо номи «ашараи мубашшара» ё худ «даҳ ёри биҳиштӣ» маъруфанд, маълумот дода шудааст. Ва он саҳобагон: Абубакри Сиддиқ Умар ибни Хатоб Усмон ибни Аффон Али ибни Абитолиб Талҳа ибни Убайдуллоҳ Зубайр ибни Аввом Абдурраҳмон ибни Авф Саъд ибни Абуваққос Саъид ибни Зайд Абуубайда ибни Ҷарроҳ.
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/330947
- Ҳасад аз бемориҳои қалбиҲасад: яъне кинатузи нисбати касе ва хостори аз байн рафтани неъматҳоеки шомили он шуда аст. Баъзеҳо гуфтаанд: Ҳасад ба ҳамон ранҷе мегӯянд, ки шахс ҳангоми бо хабар шудан аз ҳоли касеки вазъаш хуб шуда аст, мебарад. Ҳамчунин гуфтаанд: Ҳасад яъне: Орзӯи дур шудани неъмат аз дигарон. Ба ҳар ҳол ҳасад ҳамон буғзу кина ва кароҳат ва ранҷе аст, ки бо дидани хубии ҳоли маҳсуд ба ҳосид даст медиҳад.
Formation : Аҳмад ибни Абдулҳалим
Reveiwers : А. Ҳақназар
Translators : Алӣ Сорими
Source : http://www.islamhouse.com/p/380298












