Noble Quran » ?????? » Books » ЗАКОТ ВА ҶОЙГОҲИ ОН ДАР НИЗОМИ ИСЛОМ
ЗАКОТ ВА ҶОЙГОҲИ ОН ДАР НИЗОМИ ИСЛОМ
Закот дар миёни панҷ рукни бинои Ислом яке аз се рукни муҳимтарини он ба шумор меравад, ки мавҷудият ва бақои имон ва исломи банда ба онҳо вобастагӣ дорад. Агар яке аз ин се рукн халалдор гардад ва ё аз байн биравад, имон ва исломи банда низ ба ҳамон андоза осеб мебинад ва ё комилан аз байн меравад. Калимаи шаҳодат ба манзалаи дарвозаест, ки инсон бо гуфтани он вориди бинои Ислом мегардад. Табиъист, ки бе таҳаққуқ ва мавҷудияти он, яъне бе шаҳодат додан ба ягонагии Парвардигор ва ба паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с) ҳеҷ гуна имоне барои банда ҳосил намешавад.Formation : Абдушшариф Боқизода
Source : http://www.islamhouse.com/p/326724
Random Books
- Гавҳари барчида аз маҳосини дини ИсломИн рисола баёнгари баъзе аз маҳосини дини мубини Ислом мебошад.
Formation : Абдурраҳмон ибни Носир Ассаъди
Source : http://www.islamhouse.com/p/228542
- Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Абдулазиз (Худованд аз У рози бод)Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаъодати халифаи панҷумини мусулмонон Амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз (р) мебошад. Китоб барои доираи васеъи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад. Амирулмўъминин ва панҷумин халифаи рошид, Умар ибни Абдулазизи Умавӣ, набераи Умар ибни Хаттоби Қурайшӣ мебошад. Ў ҳамчун имоми одил ва халифаи фозил шуҳрат ёфта буд. Соли шастуяк дар Мадинаи Мунаввара ба дунё омада дар ҳамонҷо дар оилаи дорову сарватманд нашъунамо ёфт.
Formation : Муҳаммад Алминшови
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/324365
- Чӣ бояд кард, то ҳамсарат туро дўст дорад?Хонандаи азиз, он чӣ пеши рў доред, матолиби бисёр муҳим ва зарурӣ барои фароҳам сохтани зиндагии хонаводагии босаъодати ҳар мусалмон аст, ки донишманди маъруф Одил Фатҳӣ Абдуллоҳ ҷамъоварӣ намуда, ба риштаи таҳрир кашидааст. Агар ба ин нукот таваҷҷўҳ карда ва ба онҳо амал намоӣ, иншоаллоҳ, дар дину дунё муваффақ хоҳӣ шуд.
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/324359
- Аз самими дилам ба самими дилҳоАз самими дилам ба самими дилҳо, китобчаест дар мавзуъи бисёр муҳим, ақида ва афкори раисии мазҳаби шиаро зикр карда, дар мизони шариат ва ақл мегузорад, ва аз бародарони шиа даъват мекунад ки дар ин мавзуъҳо ақли солимро кор фармуда ба хуломаи дуруст биёянд ва роҳи ҳақро ихтиёр намоянд. Аз ҷумлаи мавзуъҳои зикршуда инҳоянд: Ашке бар Тавҳид Шиъаҳо ва Қурон Шиҳаъо ва саҳобагон Имомат Никоҳи Мутъа Хумс Имом Маҳди Исмату маъсумият Тақя Ва дигар мавзуъҳо.
Formation : Усмон ибни Муҳаммад Ал-Хамис
Source : http://www.islamhouse.com/p/320517
- Беҳтарин инсонҳо баъд аз ПаёмбаронХудованд Паёмбарашро дар миёни гуруҳе аз халқи худ, яъне Асҳоб баргузида аст, ки ӯро бар ҷон ва моли худ бартарӣ доданд ва дар ҳар ҳол худро фидои эшон намуданд, чунон чӣ Худованд дар Қуръони Карим васфашон менамояд ва мефармояд:
Translators : Исҳоқ ибни Абдуллоҳ Аддабири Ал-Авази
From issues : وزارة الأوقاف والشؤون الإسلامية بالكويت
Source : http://www.islamhouse.com/p/376476












