Noble Quran » ?????? » Books » ТАЛҲА ВА ЗУБАЙР (ҲАМСОЯГОНИ ПАЁМБАР ДАР БИҲИШТ)
ТАЛҲА ВА ЗУБАЙР (ҲАМСОЯГОНИ ПАЁМБАР ДАР БИҲИШТ)
Дар ин китоб муаллиф дар бораи ҳаёт ва зиндаги ва чигуна ба ислом гаравидани ҳазрати Талҳа ва Зубайрро барои хонандагон баён мекунад, ва ин чунин баъзе фазилатҳо ва суханони Паёмбари ислом дар бораи ин ду саҳобии пешқадам ба ислом ва башорат додашуда ба ҷаннатро низ пешкаши хонандагон мекунад.Translators : Муҳсин Рамазони
Source : http://www.islamhouse.com/p/353550
Random Books
- Шиносоии мучаз бо ИсломШиносоии мучаз бо Ислом: Шиносоии мучаз бо дини мубини ислом, ва тамоми он чанбаҳои ҳаёт ки ин дин дар бар мегирад баён мекунад, ва ин чунин баёнгари рукнҳои шашгонаи дини мубини ислом.
Formation : Маркази таҳқиқоти илми, Донишгоҳи исломии Мадинаи Мунаввара
From issues : Сомонаи Донишгоҳи Исломии Мадинаи Мунаввара
Source : http://www.islamhouse.com/p/461
- Нигоҳи нав ба таърихи садри ИсломИн китоб як фатрае аз муҳимтарин фатраҳои торихи исломиро дар бар мегирад, ва он ҳам : Баъд аз вафоти Паёмбари Ислом то соли 61-и ҳиҷри (то кушта шудани ҳазрати Ҳусейн –Худо аз он рози бод-) мебошад. Дар фасли нахустини ин китоб дар бораи он ки таърихро чи гуна бояд омўхт ва равиши Имом Муҳаммад Ҷарири Табари роҷеъ ба таърихи Ислом баён шудааст. Фасли дуввуми ин рисолаи пурарзиш дар бораи биъсати Расули акрам (с) ва ҳодисаҳои пас аз вафоти Расули акрам (с) то соли 61-и ҳиҷрии қамари рўйдода, маълумот медиҳад ва достону ривоятҳои дурўғин ва сохтаро гўшзаду таъкид месозад ва ҳақиқати ҳолро арзёби мекунад. Фасли саввуми ин китоб ба мавзўъи адолати саҳобагон (р) ба истинод аз Қуръон ва Суннат бо баёни муҳимтарин шубҳаҳое, ки дар мавриди онҳо эрод шуда ва баёни ҳақиқат дар ин маврид бахшида шудааст. Дар фасли чаҳорум ва хотимавии рисола муаллиф ва пажўҳишгари варзида қазияи хилофати исломиро мавриди барраси қарор дода, бо овардани далелу бурҳонҳои қотеъ шарҳу тавзеҳоти ғаразнок ва ғайривоқеъии як қатор муҳаққиқонро рад мекунад.
Formation : Усмон ибни Муҳаммад Ал-Хамис
Source : http://www.islamhouse.com/p/212768
- Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Абдулазиз (Худованд аз У рози бод)Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаъодати халифаи панҷумини мусулмонон Амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз (р) мебошад. Китоб барои доираи васеъи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад. Амирулмўъминин ва панҷумин халифаи рошид, Умар ибни Абдулазизи Умавӣ, набераи Умар ибни Хаттоби Қурайшӣ мебошад. Ў ҳамчун имоми одил ва халифаи фозил шуҳрат ёфта буд. Соли шастуяк дар Мадинаи Мунаввара ба дунё омада дар ҳамонҷо дар оилаи дорову сарватманд нашъунамо ёфт.
Formation : Муҳаммад Алминшови
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/324365
- Тарбияти фарзандонКитоби "Тарбияти фарзандон" дар мавзуи тарбияти фарзанд муфид ва баёнкунандаи ҳуқуқи фарзанд ва падару модар насбати фарзанд мебошад, ва муаллиф дар таълифи китобаш аз оятҳои Қурони ва ҳадисҳои Набави истифода бурдааст.
Reveiwers : Амирҳамзаи Ҳомиди Ҳанафи
From issues : http://www.firdavsi.com
Source : http://www.islamhouse.com/p/313552
- ТАЪРИХИ ХУЛАФОИ РОШИДИН: АБУБАКР (Р) ВА УМАР (Р) (зиндагонӣ, футуҳот, шаҳодат)Ин китоб роҷеъ ба зиндагинома, футуҳот, корномаи ду шахсияти бузурги таърихи ислом ва башарият, саҳобагони гиромӣ: Абубакр (р) ва Умар (р), ки ҳардуяшон хулафои рошидин ва падарарўсони (хусурони) Паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (с) буданд, ба забони фасеҳу ширини форсии тоҷикӣ нақл мекунад.
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/333924












